ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Дар доираи нақша чорабиниҳои КВД БССТ “Саноатсодиротбонк” имрӯз дар толори Бонк ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа Раиси Раёсат муҳтарам Бобозода Ҳ.Ҷ. Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғойиб, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шоҳмансури шаҳри Душанбе Гулаҳмадзода З., мувоини якуми Раёсати Ғарибшозода А.Қ. муовини Раиси Раёсат Муҳиддинзода Ш.Ф., роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Бонк иштирок намуданд.

Нахуст, Раиси Раёсат меҳмонон ва ҳозиринро ба ин санаи фархунда табрик намуда, аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик ва ба сари ҳокимият омадани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва оғози саҳифаи нави таърихӣ маърӯза намуданд.

Муҳтарам Бобозода Ҳ.Ҷ. қайд намуданд бо оғоз шудани ҷанги шаҳрвандӣ нооромии сартосарӣ қаламрави мамлакатро фаро гирифт. Дар ин миён дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дертар ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист бо кирдору амалҳои некаш мардуми парешонро муттаҳид, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги бемантиқ хотима бахшад. Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Сарвари давлат ва Пешвои миллатамон дар тӯли солҳои гузашта тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшуносиву худогоҳӣ таҳким, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд. Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради халқи сулҳпарвар, меҳнатдӯсту соҳибмаърифатамон ноил шудем.

Зимнан, Раиси Раёсат риштаи суханро ба шоири халқии Тоҷикитон Муҳаммад Ғойиб дод. Устоди ширинкалом аз корнамоиҳои Пешвои миллат аз солҳои аввалӣ роҳбарӣ то ҳол мисолҳо оварда аз ашъори пурғановати хеш, ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Тоҷикистони соҳибистиқлол, Ватан-Модар бахшида шудаанд ба ҳозирин ироа намуданд.

Сипас, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шоҳмансури шаҳри Душанбе Гулаҳмадзода З., баромад намуда, доир ба ҳаёту фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳозирин маълумотҳои муфид доданд.

Дар охири чорабинӣ Раиси Раёсат аз таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хушунудӣ намуда, бо эътимоди комил иброз доштанд, ки кормандони соҳа, ҷавонони бо ору номуси КВД БССТ “Саноатсодиротбонк” бо Ватани соҳибистиқлол, бо Сарвари маҳбуб ва Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор карда, бо меҳнати ҳалол ва интизоми намунавӣ дар рушду нумуъ ва шукуфоии Ватани азиз саҳм хоҳанд гузошт.



2020