ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

   23-юми ноябри соли 2021 дар толори корохонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” ҷаласаи тантанавӣ бахшида Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт. 

   Дар чорабини Раиси Раёсати КВД БССТ “Саноатсодиротбонк” Бобозода Ҳ.Ҷ., Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода З.Ф., Шоири халқии Тоҷикистон Меҳринисо Бобобекова, Муовини Раиси Раёсат Муҳиддинзода Ш.Ф., ва кормандони Бонк иштирок намуданд. 

   Раиси Раёсат меҳмононро хайрамақдам ва ҳозиринро ба ин санаи фархунда муборак бод намуд. Муҳтарам Бобозода Ҳ. Ҷ. қайд намуданд, ки Парчам рамзи саодат ҳуввият ва давлатдории миллист. Маҳз бо шарофати ин муқаддасоти миллӣ, давлат дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуда, он ба авҷи само барафтохта мешавад.  

   Сипас, Шоири халқии Тоҷикистон Меҳринисо Бобобекова дар бораи Парчами давлатӣ, ранг рамз ва хусуссиятҳои хоси Парчами тоҷикон аз қадиммулайём то ба ин рӯз сухан ронда, аз осори пурғановати хеш дар васфи Парчам шеърҳо қироат намуданд. 

   Дар охир, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода З.Ф., иштирокчиёни чорабинии мазкур ва дар шахсияти онҳо тамом мардуми сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба Рӯзи Парчами давлатӣ муборакбод намуда, таманнои сарбаландӣ ва пойдории Парчами давлатиро дар тули қарнҳо намуд.



2020