САНОАТСОДИРОТБОНК – «WORLD SAVING DAY»

    Ҳамасола иқдоми байналмилалии Рӯзи умумиҷаҳонии Пасандоз (World Saving Day) дар тамоми дунё барои кӯдакон ва ҷавонон бо мақсади васеъ кардани имконияти онҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ояндаи масъулонаи молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ гузаронида мешавад. 
    Дар ин раванд ҳамасола тибқи дастури Бонки миллии Тоҷикистон тамоми Бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёна, миёнаи касбӣ ва олии касбии кишвар машғулиятҳои амалӣ дар самти баланд бардоштани савияи дониши молиявии хонандагону донишҷӯён баргузор мекунанд. 
   Дар доираи ин иқдом санаи 26.10.2021с., аз ҷониби кормандони КВД БССТ “Саноатсодиротбонк” дар Муассисаи таълимии Гимназияи хусусии ба номи “Абурайҳони Берунӣ” машғулияти амалии гуруҳии омӯзишӣ гузаронида шуд. 
   Дар фарҷоми машғулият миёни ҳозирин саволу ҷавобҳои ҷолиб дар мавзӯи баррасишуда доир гардида ба иштирокчиёни фаъол туҳфаҳои хотиравии КВД БССТ “Саноатсодиротбонк” супорида шуд.
   Маврид ба ёдоварист, ки тибқи нақшаи кории КВД БССТ “Саноатсодиротбонк” чунин чорабиниҳо дар оянда низ баргузор гардида, мавзӯи мазкур зери назорати доимии роҳбарияти Бонк қарор дорад


.



2020