КОНСТИТУТСИЯ ШОҲСУТУН ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

    5-уми ноябри соли ҷорӣ дар толори Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 27-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт. 

    Дар чорабинӣ Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Бобозода Ҳ.Ҷ., Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода И.Ҳ., Роҳбари дастгоҳи иҷроияи марказии ҲХДТ Хонзода А.У., Роҳбари дастгоҳи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Шаҳбози И., Муовини Раиси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Қурбонзода У., Муовини Раиси Раёсати Бонк Муҳиддинзода Ш.Ф., сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Бонк иштирок намуданд. 

    Саравал муҳтарам Бобозода Ҳ.Ҷ. меҳмононро хайрамақдам намуда, ба ҳозирин моҳият ва нақши ин санади муққадасу тақдирсозро матраҳ намуданд. Сипас, Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода И.Ҳ. маърӯза намуда, аз таърих ва давраҳои ташаккулёбии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин маълумоти муфассал доданд. 

    Дар идома, Роҳбари дастгоҳи иҷроияи марказии ҲХДТ, Роҳбари дастгоҳи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Муовини Раиси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар иртибот ба ин санаи муқаддас ва моҳияти Конститутсия ва озодиҳои шаҳрвандони кишвар ба ҳозирин маърӯза намуданд. 

    Дар фароварди чорабинӣ аз ҷониби Раиси Раёсат ва меҳмонон ба кормандони ҷавоне, ки ба хоҳиши худ ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шомил шуданд, дафтарчарҳои ҳизбӣ супорида шуд.




2020