ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТ ДАР НУҲ МОҲИ СОЛИ 2021

Нимаи дуюми рӯзи 12.10.2021 дар маҷлисгоҳи корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” бо иштироки Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Бобозода Ҳокимшоҳ Ҷурахон, Сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон Наимӣ Аламхон, муовини Раиси Раёсат Муҳиддинзода Шуҳрат Фариддун ва сардорони воҳидҳои сохтории бонк ҷаласа оид ба натиҷаҳои фаъолияти Бонк дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ баргузор гардид.
Нахуст Раиси Раёсат муҳтарам Бобозода Ҳ.Ҷ. ҳозиринро хайрамақдам гуфта, барои маърӯза оид ба натиҷаҳои фаъолияти Бонк дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ суханро ба муовини Раиси Раёсат муҳтарам Муҳиддинзода Шуҳрат Фариддун доданд.
Муҳиддинзода Ш.Ф. дар маърӯзаи хеш қайд намуданд, ки КВД БССТ “Саноатсодиротбонк” дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ барои ноил гардидан ба мақсади асосӣ ҷиҳати дастгирии корхонаҳои навтаъсис, амалкунанда ва соҳибкорони инфиродӣ барои истеҳсол, банду баст, нигоҳдории молу маҳсулот аз ҷумла, молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда бо роҳи амалӣ намудани хизматрасониҳои бонкӣ корҳои наррасро анҷом додааст. Инчунин, дар идомаи маърӯзаи хеш оид ба даромадҳои умумии Бонк, хароҷотҳо, дороиҳо, сармояи Бонк, қарзҳои пешниҳодшуда, пардохти қарзҳои батаъхирафтода ва ғайрифаъол, кушодани суратҳисобҳои Бонкӣ, хизматрасониҳои амалиёти Бонкӣ ва дигар самтҳои фаъолияти Бонк мавриди баррасӣ қарор даданд.
Сипас, Наимӣ Аламхон Сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон доир ба фаъолияти Бонк ибрози андеша намуда, қайд намуданд, ки Бонкро мебояд, қарзҳоро бештар дар самти саноату содирот зиёд намояд, зеро таваҷҷӯҳи Роҳбарияти кишвар низ ба Саноатсодиротбонк маҳз дар ҳамин самт равона шудааст.
Дар охир ҳамзамон зикр гардид, ки мо бояд пайи иҷрои содиқонаи дастуру супоришҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем. Ҳар нафари мову Шумо бо меҳнати содиқона ба ин Ватан дар пайрави ба Пешвои муаззами миллат дар ободии ин Ватан саҳми арзандаи хешро гузорем.
Дар ниҳоят муҳтарам Раиси Раёсат ба воҳидҳои сохторӣ ҷиҳати то охири сол барои ба анҷом расонидани нақшаҳои гузошташуда дастурҳои мушаххас доданд.



2020