ҲАФТУМИН ЯРМАРКАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САВДО “СУҒД -2021”

    20-уми октябри соли ҷорӣ дар Қасри варзишии шаҳри Хуҷанд ҳафтумин Ярмаркаи байналмилалии савдо “Суғд -2021” баргузор гардид. 
    Дар маросими ифтитоҳии чорабинии мазкур муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, намояндагони вазорату идораҳо, сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Мехта Пратибха, намояндагони тиҷортии Федератсия Россия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, соҳибкорон ва тоҷирони дохилию хориҷӣ, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва ташкилотҳои қарзӣ иштирок намуданд. 
    Дар намоишгоҳи мазкур Филиали БССТ "Саноатсодиротбонк" дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҳамчун ташкилоти моливии қарзӣ ва дастгири молиявии соҳибкорони ватанӣ дар манотиқи вилояти Суғд дар ярмаркаи мазкур иштирок намуда, маҳсулотҳои қарзӣ ва пешниҳодҳои муфидро баҳри рушди соҳаи соҳибкорӣ пешкаши ҳозирин намуд. Лозим ба зикр аст, ки Саноатсодиротбонк барои боз ҳам бештар дастгири намудани соҳибкорони ватанӣ бо имтиёзҳои гуногун ҷиҳати рушди корхонаҳои истеҳсолии кишвар фаъолияти худро дар ин самт равона намуда миёни корхонаи истеҳсолии ватанӣ мавқеи хоси худро пайдо намудааст. 
    КВД БССТ “Саноатсодиротбонк” аз рӯзи таъсисёбии худ ба соҳибкорони ватанӣ бо шартҳои муфид ва қуллай қарзҳои рушди соҳибкорриро пешкаш намуда, баҳри расидан ба ҳадафи ягонаи хеш, имконияти мусоиди сармоягузории соҳибкорони ватанӣ ва самтҳои афзалиятоки иқтисодии кишвар бо таъмини сармояи дохилӣ рушд намудани маҳсулоти ватании ба содирот нигаронидашудаву воридотивазкунанда намуда истодааст.



2020