Баргузории семинари омӯзишии «Пешгирии ҳолатҳои маблағгузории терроризм ва омилҳои алоқаманд ба он» дар КВД БССТ «Саноатсодиротбонк»

Чанде, қабл дар толори маҷлисгоҳи калони КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Пайёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дарҷ гардида буд, семинари омӯзишӣ доир ба “Пешгирии ҳолатҳои номатлуби маблағгузории терроризм ва омилҳои ба он алоқаманд” бо иштироки ҳайати кормандони бонк баргузор гардид.

Нахуст дар ифтитоҳи семинар сардори Хадамоти мувофиқа (комплаенс) Ҳ. Ваҳобзода иштирокчиёнро хайрамақдам намуда иброз доштанд, ки дар ҷаҳони муосир омилҳои хавфноки ҷаҳонӣ, бахусус ҳуҷумҳои кибернетикӣ, ки сарчашмаи асосии маблағгузории терроризму экстремизм маҳсуб меёбанд яке аз сарчашмаҳои асосии хавфҳои молиявӣ ба ҳисоб рафта аз ҳар нафар корманд масъулияту ҳисии миллиро талаб менамояд.

Дар идома Ҳ. Ваҳобзода қайд намуд, ки Ассосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба дар баромадҳои хеш гуфтаанд, “Терроризм Ватан миллат ва дин надорад”. Дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” масъалаи мазкурро бори дигар мавриди таваҷҷӯҳи умум қарор дода, қайд намуданд, ки “Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир”, аз ҷумла терроризму экстримизм, қоҷоки силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухадир, кибер ҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд моро водор месозад, ки ба масъалаи таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем”.

Ҳ. Ваҳобзода ичунин иброз доштанд, ки кормандони КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» дар ин самт фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Ассосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”, дастурамалҳои Бонки милии Тоҷикистон ва низомномаву уҳдадориҳои вазифавии дохилибонкӣ ба роҳ монда бояд ҳамеша баҳри ободию осудагӣ ва якпорчагии давлату миллатамон камари ҳиммат банданд.

Дар бахши омӯзишии семинар Ҳусейн Ваҳобзода мавзӯъҳои “Меъёрҳои талаботҳои байналмилалии муқовимат ба маблағгузории терроризм”, “Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат” ва “Қоидаҳои назорати дохилӣ бо мақсади МҚД/МТ/МПСҚО ва тартиби кор бо рӯйхати шахсони алоқаманд бо терроризм ”- ро мавриди баррасӣ қарор дода таъкид доштанд, ки ҳамарӯза омӯзиш ва аз худ намудани мазуъҳои зикргардида аз ҷониби кормандон метавонад баҳри пешгирӣ намудани ҳолатҳои номатлуб нақши муайянеро дошта бошад

Дар фарҷоми семинар миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт, ки кормандони ҷавон бо пешниҳоди суолҳо дар мавзӯи “Меъёрҳои талаботҳои байналмилалии муқовимат ба маблағгузории терроризм”, “Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат” ва “Қоидаҳои назорати дохилӣ бо мақсади МҚД/МТ/МПСҚО ва тартиби кор бо рӯйхати шахсони алоқаманд бо терроризм ” посухҳои мушаххас гирифтанд

Маврид ба ёдоварист, ки баргузории чунин семинарҳои омӯзишӣ тибқи Нақшаи кории КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишу идроки сиёсии кормандон, ки онҳо фаъолитяи хешро таҳти шиори “Дониш маҳорат ва масъулият” ба роҳ мондаанд, пайваста баргузор гашта, таҳти назорати доимии Роҳбарияти Бонк қарор дорад.