Таъсиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар КВД БССТ Саноатсодиротбонк.

Нимаи дуюми рӯз дар толори маҷлисгоҳи Корхонаи Воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” бо иштироки муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзуллозода Заррина Файзулло, Раиси Раёсати Бонк Бобозода Хокимшоҳ Ҷурахон ва ҷамъи кормандони Бонк ҷаласа оид ба таъсиси ташкилоти ибтидоӣ дар Бонк доир гардид. Нахуст чаласаро Раиси Раёсати Бонк Бобозода Хокимшоҳ Ҷурахон оғоз намуда ҳозиринро хайрамақдам намуданд.

Дар идомаи суханрониҳо Раис иброз намуданд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар фаъолияти бонкӣ ва масъулияти кормандони Бонк ҳар нафар корманд таҳти шиори “Дониш маҳорат ва масъулият” фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Аз чунин иқдом муовини Раиси ҲХДТ муҳтарам Латифзода Асрор Қурбон ҷиҳати масъулияти баланди ҷавонон ва пуштибонӣ аз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол намуданд. Муҳтарам Латифзода Асрор Қурбон ҷиҳати дастгирии ҷавонон дар ҷамъият ва фаъолияти кории самаранок андешаронӣ намуда, иқдоми таъсиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар КВД БССТ “Саноастсодиротбонк”-ро саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ намуданд.

Сипас бо қарори ҷаласа тибқи овоздиҳӣ ташкилоти ибтидоии КВД БССТ “Саноатсодиротбонк” , “Ҳамсафон” номгузорӣ гардида, Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Бобозода Ҳокимшоҳ Ҷурахон ба ҳайси Раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Эминзода Маҳина Эмин ба ҳайси котиби ташкилоти ибтидоии “Ҳамсафон” интихоб гардиданд.

Ҳайати кормандон ва меҳмонон аз ин иқдом самимона истиқбол намуданд, ки ин ҳам пуштибонӣ намудан аз сиёсати Роҳбарияти олии кишварро арзёбӣ менамояд. Дар иртибот ба рӯзи таъсисёбии ташкилоти ибтидоӣ ва ҷаласаи тантанавӣ дар Бонк аз ҳисоби кормандон 5 нафар ҷавонон-кормандони Бонк ба узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардида, дар вазъияти тантанавӣ соҳиби шаҳодатномаҳои ҳизбӣ шуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа меҳмонон аз чунин иқдоми Роҳбарияти Бонк изҳори сипос намуда зикр доштанд, ки расидан ба ҳадафҳои манфиатбахш ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ин гувоҳ аз муттаҳидиву ягонагӣ ва ободии ин сарзамин аст, ки ифтихори наслҳои оянда хоҳад буд.