Ҷаласаи ифтихори дар иртибот Паёми Пешвои муаззами миллат дар Саноатсодиротбонк

Нимаи дуюми рӯз дар толори маҷлисгоҳи калони Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” ҷаласа дар иртибот ба Паёми солонаи Пешвои муаззами миллат баргузор гардид. Нахуст дар ҷаласа муовини Раиси Раёсат муҳтарам Шуҳрат Муҳиддинзода ҳозиринро хайрамақдам намуда аз дастовардҳои даврони истиқлолият ва дастгирии соҳаи саноат дар иртибот ба ҳадафи чаҳоруми кишвар оид ба саноатикунонии босуръати кишвар ибрози андеша намуда зикр доштанд, ки яке аз ҳадафҳои асосии фаъолияти КВД БССТ “Саноатсодиротбонк” маҳз дастгирӣ намудани соҳибкорони истеҳсолӣ ва содироткунандагони Ватанӣ мебошад.

Ҳамзамон зикр гардид, ки дар амал татбиқ намудани супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар Паёми солона ин расидан ба ҳадафҳои созанда ва дастгирии лоиҳаҳои саноатии ватанӣ маҳсуб меёбад.

Дар идомаи ин ҷаласа сардори шуъбаи методии Бонк Иномҷон Мирзоҳомидзода ҷиҳати иҷроиши бандҳои Паём “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки тибқи тартиби муқаррагардида дар Бонк оид ба ин самт “Нақшаи чорабиниҳо” таҳия ва тасдиқ гардидааст андешаронӣ намуданд. Мирзоҳомидзода бо такя ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат дастгирӣ намудани соҳибкорони истеҳсолӣ, ҷалби бештари мизоҷон аз ҳисоби соҳибкорон, рушди соҳаи саноат ва содиротро яке аз самтҳои афзалиятноки пешрафти иқтисодиёти кишвар ва амалӣ шудани ҳадафи чаҳоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.

Дар идомаи ҷаласа муовини Раис муҳтарам Шуҳрат Муҳиддинзода масъалаҳои обрӯй ва эътибори Бонк миёни бонкҳои кишвар, тартибу низом дар кор бобати пешниҳоди қарзҳо, таҳлил ва хулосаи амиқи фаъолияти соҳибкории мизоҷ, муомила ва муносибати хуб бо корафтодагон, такмили дониши кормандон, ташкили дарсҳои иқтисодӣ дар Бонкро яке аз ҳадафҳои асосии фаъолияти корӣ ва иҷроиши дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат арзёбӣ намуданд. Дар хотима таъкид гардид, ки барои саривақт иҷро шудани супоришҳои дар Паём дарҷгардида ҳама якҷо бояд таҳти шиори дохилибонкии Саноатсодиротбонк “Дониш маҳорат ва масъулият” содиқона фаъолият дошта бошем.