Ҷашнгирӣ аз 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар КВД БССТ “Саноатсодиротбонк”

    Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Бобозода Ҳокимшоҳ Ҷурахон, муовинони Раиси Раёсат, муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода, ходимони ҷамъиятиву сиёсӣ Амиршо Миралиев, Қурбонова Руқия ва аҳли кормандони Бонк иштирок намуданд.

    Раиси Раёсат чорабиниро ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва ҳозиринро ба ин санаи фархунда муборакбод намуда, қайд намуданд, ки дар таърихи навини Тоҷикистон 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ин сана барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб мешавад. Тамоми сокинони кишвар имрӯзҳо ифтихор доранд, ки 30 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардиданд. Дар ибтидои истиқлолияти давлатӣ халқи тоҷик соҳиби Пешвое гардид, ки миллату давлати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро обод ва ҷанги бародаркушро хотима бахшиданд.

    Дар идома, Раиси Раёсати Бонк қайд намуданд, ки Сарвари давлати тоҷикон пайваста тамоми кушиши худро ба харҷ медиҳанд, то мардум зиндагии шоиста дошта бошанд. Инчунин, иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд. Мардумро барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ карда, истиқлолро тантанаи адолати таърихӣ ва идомаи силсилаи давлатдории чандинҳазорсолаи ниёгонамон ва пайвастани он ба оини давлатдории навини миллиамон меноманд: «Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии хешро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».

     Меҳмонон ва ходимони ҷамъиятиву сиёсӣ аз таърихи 30-солаи давлатдории навини тоҷикон ва аввалин қадамҳо дар ин роҳ ёддоштҳо намуда, дар тамоми ҷабҳаҳо хизматҳои Пешвои миллатро беназир шумурданд.

      Дар фарҷоми ҷаласаи тантанавӣ яқ қатор кормандон барои хизматҳои пурсамар, софдилона ва саҳми босазо гузоштан дар рушди КВД БССТ “Саноатсодиротбонк” бо “Ифтихорнома” ва “Раҳматнома” – ҳо сарфароз гардонида шуданд.

 



2020