Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд филиали худро ифтитоҳ намуд.

Дирӯз Саноатсодиротбонк барои боз ҳам бештар дастгирӣ намудани соҳибкорони ватанӣ дар манотиқи гуногуни кишвар  бахусус вилояти Суғд, ки яке минтақаҳои бузурги рушди саноат ва содирот дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад филиали бонкии худро ифтитоҳ намуд. Дар маросисми ифтитоҳи бинои филиали Бонк Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода муовинони Раиси вилоят Раиси шаҳри Хуҷанд роҳбарияти вилоятии Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар намояндагон аз мақомотҳои роҳбарикунандаи маҳаллӣ дар якҷоягӣ бо Раиси Раёсат муҳтарам Ҳокимшоҳ Бобозода дар маросими кушодашавии бинои филилал иштирок намуданд. Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода нахуст иброз доштанд, ки дар муддати як соли фаъолият як чанд пешниҳоди вилоятро Роҳбарияти Саноатсодиротбонк ҷиҳати дастгирии бештари соҳибкорони минтақа  пазируфтаанд, ки  ҳамкории вилоят бо ин бонки давлатӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Лозим ба зикр аст, ки имрӯз Бонк ҳамчун сармоягузори дохилӣ барои дастгирӣ намудани соҳибкорони истеҳсолии кишвар фаъолияти худро равона намудааст, ки то ба имрӯз миёни ин соҳибкорони дастгириёфта аз ҳисоби маблағҳои қарзии Саноатсодиротбонк  сохибкорони фаъол низ дар вилояти Сугд  кам нестанд. Муҳтарам Раҷаббой Аҳамадзода иброз доштанд, ки мо омода ҳастем барои боз бештар дастгирӣ намудани соҳибкорони минтақа бо ин Бонк ҳамкории бештар дошта бошем. Пас аз суханронии Раиси вилоят, Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Ҳокимшоҳ Бобозода ва меҳмонон аз шароити кории филиали Бонк дидан намуда бо кормандон ҳамсуҳбат шуданд. Дар интиҳо Раиси вилоят ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити корӣ  баҳои баланд дода, зикр намуданд, ки танҳо дастгирии бештари соҳибкорони ватанӣ имконияти рушди соҳоти мухталиф дар ҷомеа мебошад. Лозим ба зикр аст, ки дар филиал 18 ҷойи кории нав барои мутахассисони соҳа пешбинӣ шудааст, ки аз ин шумора қисмати зиёдашон занҳо ба ҳисоб мераванд. Ҳадафи асосии Роҳбарияти Бонк ин ҷалби бештари занон ба кор дар низоми бонкӣ буда дар амал татбиқ шудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеаро собит менамояд.  

Раиси Раёсат Ҳокимшоҳ Бобозода таъкид доштанд, ки барои боз ҳам дар амал татбиқ намудани сиёсати кунуни Пешвои муаззами миллат ҷиҳати саҳмгузор будан ба ҳадафи чаҳоруми стратегии кишвар-саноатикунонии босуръат филиали Бонк бояд  фаъолияти самаранок дошта бошад.

Лозим ба зикр аст, ки Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020, №390 дар заминаи Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис дода шудааст. Бонк санаи 23-юми октябри соли 2020 соҳиби иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон гардид, ки пас гирифтани иҷозатномаи БМТ фаъолияти худро ҳамчун бонк бо пешниҳоди тамоми хизматрасониҳои гуногуни Бонки миёни мизоҷон дар кишвар роҳандозӣ намуд ва филиали Бонк дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд нахустин филиали Саноатсодиротбонк дар минтақа ба ҳисоб рафта то охири соли ҷорӣ кушодани боз се филиали дигар дар шаҳри Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон ва шаҳри Хоруғи ВМКБ дар назар аст.

 



2020