НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ 2021 ВА ВАЗИФАҲОИ МИНБАЪДА БАРОИ НИМСОЛАИ ДУЮМ


   Бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар нимсолаи якуми соли 2021 ва вазифагузорӣ барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар асоси талаботи боби 4, банди 13 Оинномаи ҲХДТ ва қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроия имрӯз дар толори КВД Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” бо иштироки Муродов Ҷ.Қ. – муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Файзуллозода З.Ф. – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва аъзои Кумитаи иҷроия Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид. 

   Рӯзномаи Маҷлис аз панҷ масъала гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе “Оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 ва вазифаҳои минбаъда барои нимсолаи дуюм”, масъалаи дуюм гузориши муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе “Дар бораи рафти татбиқи қарор ва нақша – чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар кумитаву ташкилотҳои ибтидоӣ, ичунин дар кори Маҷлис доир ба масъалаҳои дохилиҳизбӣ аз ҷумла бозхонд ва интихоб намудани аъзои Кумитаи иҷроия, бозхонд ва интихоб намудани аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душабе қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. 

   Дар фарҷоми Маҷлис як қатор фаъолони ҳизб бо Сипосномаҳо ва Ифтихорномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардида, дар вазъияти тантанавӣ ба кормандони ҷавони КВД Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк”, ки ҳамакнун ба узвияти ҲХДТ қабул гардиданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 Мавод аз: https://www.facebook.com/HHDTSINO.ORG/



2020