Ҷаласа оид ба натиҷаҳои фаъолияти корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” дар нимсолаи аввали соли 2021

  Субҳи имрӯз дар маҷлисгоҳи Дастгоҳи марказии корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” бо иштироки Раиси Раёсати Бонк муҳтарам Бобозода Ҳокимшоҳ Ҷурахон, муовини сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр Бахтиёр, муовинони Раиси Раёсат ва сардорони воҳидҳои сохтории бонк ҷаласа оид ба натиҷаҳои фаъолияти Бонк дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ баргузор гардид.
Нахуст Раиси Раёсат муҳтарам Ҳокимшоҳ Бобозода ҳозиринро хайрамақдам гуфта, барои маърӯза оид ба натиҷаҳои фаъолияти Бонк дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ суханро ба муовини якуми Раиси Раёсат муҳтарам Ғарибшозода Азизшо Қиматшо доданд.
  Муовини якуми Раис зимни маърӯзаи худ иброз доштанд, ки КВД БССТ “Саноатсодиротбонк” фаъолияти худро бо мақсади дастгирии молиявии соҳибкорони кишвар ба роҳ монда, маҳз ба хотири сармоягузории соҳибкорони истеҳсолӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегии кишвар бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
  Баҳри ба даст даровардани натиҷаҳои дилхоҳи молиявӣ дар давраи ҳисоботӣ аз ҷонибӣ кормандони Бонк як қатор натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуданд, ки ин аз фаъолияти созанда ва коргузории дурусти Роҳбарияти Бонк шаҳодат медиҳад.
Зикр гардид, ки дар ин давра пардохтпазирии Бонк дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шудааст, ки он ҳам яке аз афзалиятҳои хуби соҳа арзёбӣ мегардад.
  Дар идомаи маърӯзаи худ муҳтарам Ғарибшозода А.Қ. вобаста ба мақсаднок истифодашавии қарзҳои равон ва назорати доимии онҳо аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ гуфта гузаштанд, ки ҳадаф аз ин гуфтаҳо саривақтӣ ва дар муҳлати муайяншуда гардонидани маблағҳои қарзиро собит менамояд.
  Ҳамзамон зикр гардид, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби қарзҳои батаъхирафтода маблағҳои муайяне баргардонида шудаанд, ки дар давраи ҳисоботӣ ин нишондиҳанда хеле хуб мебошад.
  Ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои вазифавии кормандони Бонк ва ҷорӣ намудани ҳамагуна хизматрасониҳои бонкӣ дар давраи ҳисоботӣ мусбат арзёбӣ гардид, ки то охири сол ин нишондиҳандаҳо афзоиш хоҳанд ёфт.
  Дар идомаи маърӯза муҳтарам Ғарибшозода А.Қ. иброз доштанд, ки масъулияти кормандон ва сиёсати дурусти корӣ сабаб шуд, ки имрӯз дар муддати кӯтоҳ фаъолияти кории Бонк назаррас мансуб меёбад ва ин натиҷа дар фароварди соли ҷорӣ дучанд афзоиш ёфта, нишондиҳандаҳо хеле хуб ҷамъбаст мешаванд ва Бонк назди мизоҷон уҳдадориҳои худро саривақтӣ ва бо масъулият иҷро менамояд.
  Дар идомаи кори ҷаласа муовини сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр Бахтиёр аз дастовардҳо ва фаъолияти Бонк дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда иброз дошт, ки барои дар қатори Бонкҳои низомсози кишвар фаъолият намудан ва саҳмгузор будан барои дар амал татбиқ намудани стратегияи чаҳоруми кишвар ҷиҳати саноатикунонии босуръат танҳо масъулит ва фаъолияти созандаи кормандони Бонк метавонад натиҷаҳоро боз ҳам назаррас намояд. Номбурда иброз намуд, ки ҳадафи асосии Бонк ин пешниҳоди маблағҳои қарзӣ ба соҳибкорони истеҳсолӣ ва сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои истеҳсолии ватанӣ буда, боз ҳам бештар дастгирӣ намудани корхонаҳои истеҳсолӣ мавқеи Бонкро миёни мизоҷон устувор мегардонад.
  Дар қисмати дуюми ҷаласа Раиси Раёсат муҳтарам Ҳокимшоҳ Бобозода аз фаъолияти кории воҳидҳои сохтории Бонк хулосабардорӣ намуда, иброз доштанд, ки танҳо масъулият ва созандагии ҳар нафар корманд метавонад обрӯю эътибори Бонкро баланд бардорад. Муҳтарам Бобозода Ҳ.Ҷ. ҳамзамон зикр намуданд, ки мо бояд ба натиҷаҳои нимсолаи аввали соли ҷорӣ қаноатманд набошем, зеро ҳар нафари мо агар боз ҳам ҷиддитар пайи фаъолият бошем, ин натиҷаҳо метавонистанд ду ва ё се баробар зиёд бошанд. Имрӯз агар хоҳем, ки пайи иҷрои содиқонаи дастуру супоришҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем, пас фикр кунед, ки ба мо бовар кардаанд то ободкору созанда бошем. Ҳар нафари мову Шумо бо меҳнати содиқона ба ин Ватан бояд ифтихор кунем, ки мо ҳам пайравони Пешвои муаззами миллат буда, ободии ин Ватан аз мо ҳам вобастагӣ дорад.
  Бо ин суханон таъкид доштанд, ки танҳо меҳнати содиқона ва кор бо дасту дили пок ҳар нафар корманди Бонкро шарафманд ва ин коргоҳро ободтар мегардонад. Дар ниҳоят муҳтарам Раис ба воҳидҳои сохторӣ дастурҳои мушаххас дода ба муовинони Раиси Раёсат ҷиҳати то санаи якуми октябри соли ҷорӣ фаъол намудани филиалҳои Бонк дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, шаҳрҳои Бохтару Кӯлоби вилояти Хатлонро супориш доданд.



2020