ТАҶЛИЛИ СОЛГАРДИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ БОНК

     19-уми июни соли ҷорӣ дар толори КВД БССТ “Саноатсодиротбонк” чорабинии тантанавӣ бахшида 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва як солагии ташкилиёбии Бонк баргузор гардид. 

    Дар чорабинӣ Раиси Раёсати КВД БССТ “Саноатсодиротбонк”-Бобозода Ҳ.Ҷ, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Маҷидӣ Ю.Х, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон - Абдураҳмонзода А.С, муовини директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раҳимзода Б.К, Роҳбари Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Хатлон - Ализода З, муовинон, кормандон ва соҳибкорон – мизоҷони Бонк иштирок намуданд. 

       Нахуст Раиси Раёсат ҳозиринро хайрамақдам гуфта, иброз намуданд, ки имрӯз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати шарафманди тоҷик ва ҳар фарди Тоҷикистони азиз 24-умин солгарди Ваҳдати миллиро таҷлил менамояд, ки ин санаи муқаддас барои ҳар нафари мо ибтидои рӯзи хушу рӯзгори обод аст. Дар ин замина санаи 25-уми июни соли 2020 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” табдил дода шуд, ки дар остонаи таҷлили ҷашни муқаддасу ифтихории Ваҳдати миллӣ, рост омадааст. Аз ҷониби раис зикр гардид, ки барои таҷлил аз ин ду санаи таърихӣ имрӯз мо ба ҳам омадаем ва хушбахтии ҳамаи мо дар он аст, ки бо гузашти як сол моро шинохтанд, ба мо эътимоду боварӣ карданд ва дар симои мо маблағгузору сармоягузори дохилиро қабул карданд. 

     Ҳамзамон зимни маърӯза Раис дастовардҳои молиявии Бонкро дар давоми як соли фаъолият ба ҳозирин ироа намуда, бо таъкид иброз доштанд, ки барои ҷоннок намудани истеҳсолот ва содироти молу маҳсулоти ватанӣ, Саноатсодиротбонк ҳамкориҳои худро бо соҳибкорон ҷиҳати маблағгузории лоиҳаҳои саноатӣ ва истеҳсолӣ хуб ба роҳ мондааст, ки ин нишони дар амал татбиқ намудани дастур супоришҳои созандаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Таъкид гардид, ки ин танҳо қадамҳои нахустин буда, мо дар ояндаи наздик маҳсулоти гуногуни бонкиро барои соҳибкорон ҷорӣ хоҳем намуд ва рӯзҳои хуб моро дар пешанд. 

    Меҳмонон низ, ҳозиринро ба ин санаҳои фархунда табрик намуда, нишондодҳои давоми як соли фаъоляти бонкро хуб арзёбӣ намуданд. 

      Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби КВД БССТ “Саноатсодиротбонк” ба соҳибкорон ва мизоҷони бонк, ки дар татбиқи сиёсати давлатӣ, дар самти мусоидат намудан ба содироти молу маҳсулоти саноатӣ, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содиротнигаронидашуда, ҳамкории судманд дар рушди соҳаи соҳибкорӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои нақдиву ғайринақдӣ тариқи амалиётҳои бонкӣ ва ҳамчун нахустин амонатгузор бо Бонк ҳамкорӣ менамоянд бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

   Сипас Раиси Раёсат ва меҳмонон аз соҳибкорон ҷиҳати самаранок будани фаъолияти соҳа ва расидан ба ҳадафҳои манфиатбахш иброз намуданд, ки дар самти фаъолияти корӣ агар суол ва ё пешниҳоде дошта бошед мо ҳама омодаи посух ба дилхоҳ суоли Шумо ҳастем. Ин пешниҳодро соҳибкорон саривақти шуморида дар доираи фаъолияти корӣ ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд, ки ин фазои ҷаласаро боз ҳам нармтару самимиятро бештар намуд.



2020