Муроҷиати Раиси Раёсат

Бобозода Ҳокимшоҳ Ҷурахон

Раиси Раёсати КВД “Саноатсодиротбонк”


Мизоҷон ва ҳамватанони гиромӣ!

Тавре ҳамаи мову Шумо медонем, солҳои охир таваҷҷўҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ҳамчун омили пешбарандаи рушди иқтисодӣ афзун шуда, дар самти ислоҳоти иқтисодӣ корҳои назаррасе амалӣ карда шуд ва ба ин васила дар самти ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва маблағгузории мустақими буҷавӣ барои фаъолияти соҳибкорӣ замина гузошта шуд.
Дар ин раванд, бо мақсади боз ҳам тақвият бахшидан ба рушди соҳибкорӣ ва фароҳам овардани фазои солими тиҷоратӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №34 аз 5 феврали соли 2013 Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» таъсис дода шуд.


Ҳадаф аз таъсисёбии Фонди мазкур ин мусоидат ба раванди бунёди муносибатҳои бозорӣ дар асоси дастгирии соҳибкорӣ ва рушди рақобат бо роҳҳои самаранок пеш бурдани барномаҳои давлатӣ ва афзалиятҳои истеҳсолӣ, лоиҳаҳо ва чорабиниҳои маблағгузорӣ бахши соҳибкории хурду миёна, таъминоти бозори мол, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҳимоя ва дастгирии молиявии фаъолияти инноватсионии самтҳои соҳибкорӣ, ҳавасмандкунӣ барои навоварӣ ва истеҳсоли намудҳои нави маҳсулот, бунёди фазои солими соҳибкорӣ дар самти хизматрасонӣ буд, ки дар ин давра фонди мазкур ба натиҷаҳои дилхоҳ низ расид.
Ҷиҳати иҷрои банди 19 Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 октябри соли 2014 тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 феврали соли 2015 №62 шакли идоракунии Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкорӣ” тағйир дода шуда, ба Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” табдил дода шуд.
Мақсади асосии Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ин мусоидат ба раванди бунёди муносибатҳои бозорӣ дар асоси дастгирии соҳибкорӣ ва рушди рақобат бо роҳҳои самаранок пеш бурдани барномаҳои давлатӣ ва афзалиятҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҳимоя ва дастгирии молиявии фаъолияти соҳибкорӣ ва бунёди фазои солими соҳибкорӣ дар самти хизматрасониро дар бар мегирифт. Фонд давра ба давра бо пешниҳоди маблағҳои қарзӣ сармояи молиявии худро устувор намуда сандуқи қарзии худро то ба 150 милион сомонӣ расонид.
Аз 25 июни соли 2020 №390 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон "Саноатсодиротбонк" табдил дода шуд.
Санаи 23-уми октябри соли ҷорӣ КВД БССТ “Саноатсодиротбонк” иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ дастрас намуд, ки масъулияти Бонк назди мизоҷонаш зиёдтар шуд. Минбаъд, Бонк метавонад доираи хизматрасониҳои худро васеъ намуда, кушодани суратҳисобҳои пасандозӣ ва амонатӣ, хизматрасонии интиқоли маблағ ва қарздиҳиро бо асъори миллӣ ва хориҷӣ дар якҷоягӣ бо маҳсулотҳои қарзии мавҷудбуда пешкаши мизоҷони худ гардонад.
Масъулияти Роҳбарият ва ҳар нафар корманд, назди мизоҷон ва корафтодагон боз ҳам зиёдтар шуд ва мо минбаъд ҳам фаъолияти худро ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати бомуваффақият ва дар амал татбиқ намудани нақшаҳои стратегӣ, мустаҳкам намудани мавқеи Саноатсодиротбонк дар бозори байнибонкии ҷумҳурӣ дар заминаи дастгирии бештари соҳибкорони ватанӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои бонкӣ идома медиҳем.
Мо омодаем барои таҷлили ҷашни 30 солагии Тоҷикистони азиз бо дастгирии молиявии соҳибкорони ватанӣ саҳми арзандаи худро гузорем. Ҳадафи мо имконияти мусоиди сармоягузории соҳибкорони ватанӣ ва самтҳои афзалиятноки иқтисодии кишвар маҳсуб ёфта бо таъмини сармояи дохилӣ рушд намудани маҳсулоти ватании ба содирот нигаронидашудаву воридотивазкунанда мебошад.
Мо дар соҳа рушдро дар самти сармоягузории дохилӣ идома дода, пайи ҷустуҷӯи самтҳои нав ҳастем ва лоиҳаҳои навро ба мизоҷон пешниҳод менамоем.
Мо омодаи ҳамкорӣ ва дастгирии лоиҳаҳои воқеии манфиатбахш ҳастем. Мо дар якҷоягӣ пойдевори истиқлолиятро устувор хоҳем кард.
Мизоҷон ва соҳибкорони гиромӣ мо таҳти шиори “Ҳадафи мо муваффақияти Шумост” якҷоя баҳри дастовардҳои назарраси кишвар талош хоҳем кард.