Саноатсодиротбонк

Ҳадафи мо - Муваффақият Шумо!

Аз оғоз то ба имрӯзи Саноатсодиротбонк!

1. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2013 №34  Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

2. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 феврали соли 2015 №62 шакли ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкорӣ” тағйир дода шуда, ба Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” табдил дода шуд.

3. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020 №390 Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон "Саноатсодиротбонк" табдил дода шуд.

Санаи 23-уми октябри соли 2020 КВД БССТ “Саноатсодиротбонк” соҳиби иҷозатномаи БМТ гардид, ки масъулияти Бонк назди мизоҷонаш зиёдтар шуда моро барои хизмати софдилона ва одилона даъват менамояд. КВД БССТ “Саноатсодиротбонк” таҳти шиори “Ҳадафи мо муваффақияти Шумо” фаъолияти худро оғоз намуда мавқеашро ҳамчун бонки давлатӣ дар бозори байнибонкӣ устувор менамояд.⁠