Дар бораи чораҳои муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО)

Бо мақсади амали намудани муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои байналмилалӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО дар Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” сохтори мустақили масъул доир ба  роҳ мондани фаъолияти бонк дар самти МҚД/МТ/МПСҚО - Хадамоти мувофиқа (комплаенс) таъсис дода шудааст

Вазифаҳои асосии Хадамот ин ҷамъоварӣ, назорат, таҳлил ва мониторинги амалиёт  (аҳдҳо) бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк, ташкили пойгоҳи маълумотӣ, танзими мутобиқатии амалиётҳои гузаронидашаванда, пешниҳоди маълумот оиди аҳд/амалиётҳои шубҳанок ва ҳатман назоратшаванда ба мақоми ваколатдор (Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон) ва омодаю пешниҳод  намудани ҷавобҳои дахлдор ба дархости мақомоти ваколатдор мебошад.

Дар доираи гузаронидани мониторинги гардиши амалиёт (аҳдҳо) бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк аз руи суратҳисоби мизоҷон назорати фаъолияти ҳамагуна амалиётҳои оддӣ ва шубҳанок, ки ба фаъолият ва хусусияти кории мизоҷ ва эҳтиёҷоти он (назорати амалиёти ҳаҷман калон, интиқоли маблағҳои пулӣ ба суратҳисобҳо ва ғ.) ягон мутобиқати надоранд, гузаронида мешаванд.

Бо мақсади иҷроиши корҳои дар боло дарҷгардида ва амали намудани талаботҳои қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии ин ҷода Сиёсати идоракунии комплаеннс -хавф ва Қоидаҳои назорати дохилӣ бо мақсади муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар КВД БССТ “Саноатсодиротбонк” таҳия ва қабул гардидаст.

Фаъолият дар самти МҚД/МТ/МПСҚО дар Бонк тибқи муқаррароти қонуну санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии зерин ба роҳ монда шудааст:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм” №684 аз 25.03.2011с.;
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» №722 аз 28.06.2011с.;
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» №524 аз 19.05.2009с.;
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» №964 аз 13.06.2013с.;
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» №845 аз 16.11.1999с.;
Кодекси Ҷиноятии  Тоҷикистон;
Кодекси ҳуқуқвайронкуни маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Дастурамали №200 «Дар бораи муайян ва муайян санҷидани шахсияти муштари ва молик – бенефициар» №305 аз 20.12.2013с.;
Дастурамали №204 “Оид ба тартиби анҷом додани амалиёти интиқоли аз ҷониби шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоб» аз 26.12.2013с;
Дастурамали 181 «Дар бораи талабот ба низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ дар ташкилотҳои қарзӣ»;
Тартиби гузаронидаани чорабиниҳо оид ба манъ ва бекор кардани воситаҳои молиявӣ ё дигар молу мулки шахсони  воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба руйхати шахсони алокаманд ба терроризм дохил карда шудаанд;
Қоидаҳои анҷом додани ахд/амалиёти шубҳанок ва бо минтақаҳои оффшорӣ;

·         Феҳристи аломатҳои аҳд/амалиёти шубҳанок. 

         Самтҳои асосии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар бонк инҳо  мебошанд:

муайянкунӣ ва тафтиши мушаххасоти шахсияти мизоҷ ва молик – бенефитсиар;
гузаронидани мушаххасоти мизоҷ аз руи усули «Муштарии худро шинос»;
мониторинг ва таҳлили амалиёт (аҳдҳо) бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк;
ҷамъоварӣ ва нигоҳдории маълумотҳо оиди муштари ва  амалиёт (аҳдҳо) бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк;
ташкили пойгоҳи маълумоти оиди шахсоне, ки ба терроризм алоқаманди доранд;
муайянкунии дараҷаи хавфи софкории пул ва мабалғгузории терроризм;
воқифкунии роҳбарияти бонк;
ташкили тартиби кирои кормандон;
ташкили талаботҳои соҳавӣ барои омода ва омузиши кормандон ва гузаронидани семинару омузишҳо ба кормандон;
коркарди тартиби аудити дохили барои тафтиши чораҳо дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм. 


         КВД БССТ “Саноатсодиротбонк” 

        Ҷумҳурии Тоҷикистон, , ш. Душанбе,  к. Шерозӣ 21

         E-mail: compliance@ssb.tj

        +992 446305117

2020